Ин бозии охирини гурӯҳи “А” шаби чоршанбеи 4-уми декабр дар варзишгоҳи Ал-Ҷануби шаҳри Ал-Вакраи Қатар баргузор мешавад. “Равшан” дар бозии аввали ин дастаҳо 2-юми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе аз тими “Ал-Вакра” бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрда буд.
Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали гурӯҳи “А” тими “Трактор” бо 10 имтиёз аз 4 бозӣ дар ҷойи аввал аст. “Ал-Вакра”, ки як бозӣ камтар кардааст, бо 4 имтиёз дар ҷойи дуюм қарор дорад. “Равшан” бидуни имтиёз дар зинаи сеюм ҷойгир шудааст.
Новобаста аз натиҷаи бозии охирин дар гурӯҳи “А” дастаҳои “Трактор” ва “Ал-Вакра” ба даври баъдии мусобиқот роҳ ёфтанд. Аммо “Равшан” аз ҳаққи иштирок дар плей-офф маҳрум гаштааст.
Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2
Гурӯҳи “А”
Даври якум
“Ал-Вакра” – “Трактор” – 0:3
18-уми сентябр. Ал-Вакра. Варзишгоҳи “Ал-Ҷануб”.
Даври дуюм
“Равшан” – “Ал-Вакра” – 0:1
2-юми октябр. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.
Даври сеюм
“Равшан” - “Трактор” – 1:3
23-юми октябр. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.
Даври чаҳорум
“Трактор” – “Равшан” – 7:0
6-уми ноябр. Доҳа (Қатар), Варзишгоҳи Тани Бин Ҷассим.
Даври панҷум
“Трактор” – “Ал-Вакра” – 3:3
27-уми ноябр. Дубай (Иморот), варзишгоҳи Рашид
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “А”
Ҷ |
Дастаҳо |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
“Трактор” |
4 |
3 |
1 |
0 |
16-4 |
10 |
2 |
“Ал-Вакра” |
3 |
1 |
1 |
1 |
4-6 |
4 |
3 |
“Равшан” |
3 |
0 |
0 |
3 |
1-11 |
0 |
Даври шашум
4-уми декабр (чоршанбе)
21:00 (бо вақти Душанбе) – “Ал-Вакра” - “Равшан”
Ал-Вакра (Қатар), варзишгоҳи Ал-Ҷануб
Гуфтугӯ