Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шекиладзе: "Бозиҳо дар марҳилаи интихобӣ осон нахоҳанд буд"


Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бар асоси қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027, ки 9-уми декабр дар қароргоҳи AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) – шаҳри Куала-Лумпури Малайзия - доир гардид, дар гурӯҳи “А” бо тимҳои миллии Филиппин, Молдив ва Тимори Шарқӣ бозӣ мекунад.

Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Гела Шекиладзе, мутахассиси гурҷӣ, дар бораи натоиҷи қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 гуфт, ки дар ин сатҳ дастаҳои заиф вуҷуд надоранд, бояд ба ҳар як бозӣ омода буд.

Вай афзуд, “дастаи Филиппин рақиби хуб аст. Ин тимро мо ба хубӣ мешиносем, бо онҳо имсол ду маротиба бозӣ кардаем. Тими миллии Филиппин бозигарони зиёде аз бошгоҳҳои Аврупо дорад. Умуман, Филиппин барои тими миллии Тоҷикистон рақиби сарсахт аст, бозиҳо бо онҳо ҳамеша душвор буданд. Бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019-ро метавон ба ёд овард.”

Ба гуфтаи Шекиладзе, мунтахаби Молдив низ барояш хуб ошност, тими бад нест, дар ин даста кор кардааст. “Аммо мунтахаби Тимори Шарқӣ дар муқоиса бо Филиппин он қадар қавӣ нест, вале ҳар як рақибро бояд эҳтиром кард. Беэҳтиромӣ нисбат ба рақиб ҳамеша натиҷаи нохуш дар пай дорад”, - иброз дошт ӯ.

Ба қавли сармураббӣ, бозиҳо дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 осон нахоҳанд буд. “Мо аллакай нақшаи омодагиро ба бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 тартиб додаем. Соли оянда бозигарон ҳам дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон ва ҳам дар арсаи байналмилалӣ бозиҳои зиёде доранд. Аз ин рӯ номзадҳо ба сафи тими миллӣ бояд дар ҳолати хуб бошанд. Мақсади мунтахаби мо ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфтан аст ва барои расидан ба он ҳамаи қувваи худро сарф мекунем», - гуфт сармураббии тими миллии Тоҷикистон Гела Шекиладзе.

Дар натиҷаи қуръакашӣ тимҳои миллӣ ба шаш гурӯҳи иборат аз чордастаӣ тақсим шуданд. Ҳар як даста дар гурӯҳ шаш бозӣ – се рақобат дар майдони худ ва се бозӣ дар меҳмонӣ - анҷом медиҳад.

Танҳо ғолибони гурӯҳҳо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027, ки аз 15-уми январ то 8-уми феврали соли 2027 дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

Натоиҷи қуръакашии мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2027:

Гурӯҳи «А»: Тоҷикистон, Филиппин, Молдив, Тимори Шарқӣ.

Гурӯҳи «В»: Лубнон, Яман, Бутан, Бруней.

Гурӯҳи «С»: Ҳиндустон, Ҳонконг, Сингапур, Бангладеш.

Гурӯҳи «D»: Тайланд, Туркманистон, Тайбейи Чин, Шри-Ланка.

Гурӯҳи «E»: Сурия, Афғонистон, Мянмар, Покистон.

Гурӯҳи «F»: Ветнам, Малайзия, Непал, Лаос.

Нахустин бозии дастаи мунтахаби Тоҷикистон 25-уми марти соли 2025 дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо тими миллии Тимори Шарқӣ доир мегардад.

Тақвими бозиҳои мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи “А”:

Даври якум

25 марти 2025 (сешанбе)

Тоҷикистон – Тимори Шарқӣ

Молдив - Филиппин

Даври дуюм

10 июни 2025 (сешанбе)

Филиппин - Тоҷикистон

Тимори Шарқӣ - Молдив

Даври сеюм

9 октябри 2025 (панҷшанбе)

Тоҷикистон – Молдив

Тимори Шарқӣ - Филиппин

Даври чорум

14 октябри 2025 (сешанбе)

Молдив - Тоҷикистон

Филиппин Тимори Шарқӣ

Даври панҷум

16 ноябри 2025 (сешанбе)

Тимори Шарқӣ - Тоҷикистон

Филиппин - Молдив

Даври шашум

31 марти 2026 (сешанбе)

Тоҷикистон – Филиппин

Молдив - Тимори Шарқӣ

XS
SM
MD
LG