Акмал Убайдов дар вазни то 60 кило дар даври ниманиҳоӣ Айдер Абдураимовро аз Украина шикаст дода, ба финали қаҳрамонии Осиё дар Тайланд баромад. Ӯ дар дври ниҳоӣ барои медали тило мубориза мебарад.
Парвиз Каримов дар вазни то 92 кило бо мағлуб кардани Богдан Толмачёв аз Украина барои ширкат дар даври ниҳоии мусобиқа мушарраф шуд. Муштзани тоҷик 11-уми декабр дар финал бо Сагиндик Тогамбай аз Қазоқистон барои унвони қаҳрамони Осиё талош меварзад.
Дар ин мусобиқа аз миёни нӯҳ муштзани тоҷик (ҳашт мард ва як зан) се нафар - Шуҳрат Саломатов (67 кг) , Шаҳобҷон Шукуров (71 кг) ва Аҳмадҷон Саидов (86 кг) - медалҳои биринҷӣ гирифтанд.
Дар сабқати мардон Меҳрон Шафиев (48 кг), Хусравхон Раҳимов (57 кг) ва Абдумалик Болтаев (80 кг) ноком шуда, аз идомаи рақобатҳо бенасиб монданд.
Дар сабқати занон Тоҷикистонро танҳо як нафар - Миҷгона Самадова – намояндагӣ кард. Вай дар вазни то 57 кило дар даври аввал намояндаи Қатар Дана Ал-Ҷабор Ҳошимро мағлуб намуда, дар даври чаҳорякниҳоӣ аз муштзани узбек Нигина Уктамова шикаст хӯрд.
Ҳамин тариқ, Тоҷикистон дар мусобиқаи мазкур соҳиби панҷ медал гардидааст. Ин аввалин бор дар таърихи бокси тоҷик аст, ки муштзанҳои тоҷик дар қаҳрамонии Осиё панҷ медал ба даст оварда, дар сегонаи беҳтаринҳо ҷойгир шуданд.
Ин мусобиқа бо иштироки беш аз 200 муштзан аз 21 кишвари Осиё дар Тайланд 11-уми декабр ба поён мерасад. Мардон дар 13 вазн дар финал рақобат мекунанд.
Занон бошанд, дар 12 вазн қувва озмуда, мусобиқаро ба анҷом расонданд. Дар байни занон муштзанҳои Қазоқистон бо даҳ медал (панҷ тилло ва панҷ биринҷӣ) мақоми аввалро соҳиб шуданд. Дастаи Узбекистон бо нӯҳ медал (се тилло, чаҳор нуқра ва ду биринҷӣ) ҷойи дуюмро гирифт. Дастаи мизбон – Тайланд – бо шаш медал (се тилло, як нуқра ва ду биринҷӣ) сеюм шуд.
Ёдовар мешавем, ду сол пеш дар қаҳрамонии бокси Осиё миёни мардон ва занон, ки дар пойтахти Урдун - шаҳри Уммон - баргузор шуд, аз байни даҳ муштзани тоҷик ду нафар – Баҳодур Усмонов дар вазни то 63,5 кило ва Муҳаммад Аброриддинов дар вазни беш аз 92 кило – бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.