Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муштзанҳои тоҷик дар қаҳрамонии Осиё 5 медал гирифтанд


Акмал Убайдов
Акмал Убайдов

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё, ки аз 28-уми ноябр то 11-уми декабр дар шаҳри Чиангмайи Тайланд доир гардид, панҷ медал (як тило, як нуқра ва се биринҷӣ) ба даст оварданд.

Медали тило ба Акмал Убайдов марбут аст. Вай 11-уми декабр дар финали қаҳрамонии Осиё дар Тайланд дар вазни то 60 кило бар намояндаи Ҷопон Сота Накаяма бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд. Убайдов дар роҳ ба финал муқобили муштзани Қазоқистон Билбарс Жехен ва намояндаи Украина Айдер Абдураимов ғолиб омада буд.

Ҳамин тавр, пас аз панҷ сол Акмал Убайдов барои Тоҷикистон аз қаҳрамонии бокси Осиё медали тилло овард. Охирин маротиба Баҳодур Усмонов соли 2019 дар қаҳрамонии Осиё соҳиби медали тилло шуда буд.

Ҳамчунин, дар таърихи бокси Тоҷикистон Ҷаҳон Қурбонов соли 2005, Анвар Юнусов соли 2011 ва Баҳодур Усмонов соли 2019 ба унвони қаҳрамони Осиё миёни мардон даст ёфтаанд.

Дар Тайланд муштзани дигари тоҷик Парвиз Каримов дар вазни то 92 кило бо медали нуқра сарфароз гашт. Ӯ 11-уми декабр дар финал аз Сагиндик Тогамбай аз Қазоқистон дар раунди дуюм шикаст хӯрд. Бинобар бартарии комили рақибаш довар дар ринг Парвизро аз идомаи мубориза ихроҷ намуд. Парвиз қаблан Богдан Толмачёвро аз Украина мағлуб карда, ба даври ниҳоии мусобиқа роҳ ёфта буд.

Дар ин мусобиқа аз миёни нӯҳ муштзани тоҷик (ҳашт мард ва як зан) се нафар - Шуҳрат Саломатов (67 кг) , Шаҳобҷон Шукуров (71 кг) ва Аҳмадҷон Саидов (86 кг) - медалҳои биринҷӣ гирифтанд.

Вале дар сабқати мардон Меҳрон Шафиев (48 кг), Хусравхон Раҳимов (57 кг) ва Абдумалик Болтаев (80 кг) ноком шуда, аз идомаи рақобатҳо бенасиб монданд.

Дар сабқати занон Тоҷикистонро танҳо як нафар - Миҷгона Самадова – муаррифӣ кард. Вай дар вазни то 57 кило дар даври аввал намояндаи Қатар Дана Ал-Ҷабор Ҳошимро мағлуб намуда, дар даври чаҳорякниҳоӣ аз муштзани узбек Нигина Уктамова шикаст хӯрд.

Ҳамин тариқ, Тоҷикистон дар мусобиқаи мазкур соҳиби панҷ медал гардид. Ин аввалин бор дар таърихи бокси тоҷик аст, ки муштзанҳои тоҷик дар қаҳрамонии Осиё панҷ медал ба даст оварда, дар сегонаи беҳтаринҳо ҷойгир шуданд.

Ин мусобиқа бо иштироки 210 муштзан аз 21 кишвари Осиё дар Тайланд 11-уми декабр ба поён расид. Мардон дар 13 вазн дар финал рақобат карданд.

Дар байни мардон муштзанҳои Узбекистон бо ёздаҳ медал (ҳашт тилло, ду нуқра ва як биринҷӣ) мақоми аввалро соҳиб шуданд. Дастаи Қазоқистон бо даҳ медал (чаҳор тилло, панҷ нуқра ва як биринҷӣ) дуюм шуд. Дастаи Тоҷикистон бо панҷ медал (як тилло, як нуқра ва се биринҷӣ) ҷойи сеюмро гирифт.

Занон бошанд, дар 12 вазн қувва озмуданд. Дар байни занон муштзанҳои Қазоқистон бо даҳ медал (панҷ тилло ва панҷ биринҷӣ) мақоми аввалро азони худ карданд. Дастаи Узбекистон бо нӯҳ медал (се тилло, чаҳор нуқра ва ду биринҷӣ) ҷойи дуюмро гирифт. Дастаи мизбон – Тайланд – бо шаш медал (се тилло, як нуқра ва ду биринҷӣ) сеюм шуд.

Ба ҷуз аз медал, ба ғолибони мусобиқа дар ҳар як вазн 8000 доллар, барои ҷойи дуюм 4000 доллар ва барои ҷойҳои сеюм 2000-долларӣ тақдим шуд.

XS
SM
MD
LG