"Мардум мепурсад, чаро газетаҳо ин масъалаҳоро наменависанд?” ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Як тағора самбӯса мехӯранд, вале..."

Як марди китобфурӯш дар ноҳияи Мастчоҳ мегӯяд, аз ин тиҷорат фоидае намебинад, вале ба хотири муҳаббат ба фарҳангу китоб онро тарк накардааст.

Зойирбек Соҳибови 63-сола, ки 30 сол боз китобфурӯш аст, мегӯяд, “як сомонӣ ҳам захира накардаааст.”

Дигар ҳамкорони Зойирбек Соҳибов дар ноҳияи Мастчоҳ ба хотири камдаромад будан аз китобфурӯшӣ даст кашиданд, ӯ бо вуҷуди маъюбӣ то ҳол бозор ба бозор гашта, китобу рӯзнома мефурӯшад.

Дӯкони Зойирбек Соҳибов ягона макони фурӯши китобу нашрияҳои озод дар ноҳияи Мастчоҳ аст. Дар инҷо қариб ҳама намуд китобро пайдо карда мумкин аст, сар аз осори адибон то китоби дарсӣ ва динӣ, вале муштарӣ хеле кам аст.

“Чихел, ки маърифати мардум паст шудааст, китобхон нест. Серкорӣ аст ё кампулӣ. Пулдорҳо китоб намехонанд, мардуми одӣ, ки мехоҳад китоб хонад, пул надорад, зурашон намерасад,”-мегӯяд Зойирбек Соҳибов.

Зойирбек Соҳибов маъюби гурӯҳи дуввум аст. Бо як ҳамқисмати худ оиладор шуда, онҳо ду фарзанд доранд. Моҳе 580 сомонӣ нафақа мегирад. Пештар дар сари роҳу даромадгоҳи бозорҳо китобу рӯзнома мефурӯхт. Мудири бозори марказии ноҳияи Мастчоҳ барояш дӯкон дод ва аз ӯ иҷорапулӣ намегирад. Зойирбек мегӯяд, аз ҳисоби фурӯши китобу рӯзнома маблағи кам меёбад, ки ба гуфтаи худаш, “ба рӯзғор базӯр мерасад.”

Ӯ гуфт: “Худам китобдӯстам, барои ҳамин зиқ намешавам. Ҳаракат мекунам, танҳо китобҳоеро орам, ки мардум аз онҳо баҳра мебаранд. Ҳар хел китобҳои бекораро не.”

Коҳиши таваҷҷуҳ ба китоб мушкили ягона нест. Хонандагони нашрияҳо ҳам солҳои ахир ба таври назаррас кам шудаанд. Зойирбек Соҳибов ҳар ҳафта барои ноҳияи Мастчоҳ, ки 140 ҳазор аҳолӣ дорад, аз нашрияҳои мустақил 2-3 адад меорад. Соҳибов, ки давраи рушди матбуоти Тоҷикистонро дидааст, мегӯяд, сабаби кам шудани талабот ба рӯзномаҳо, худдории нашрияҳо аз инъикоси ҳама мавзуъҳо аст.

“Газетаҳои мо ҳам ҷуръат намекунанд дурустар нависанд. Чизҳое менависанд, ки мардум қонеъ намешаванд. Одамон мегӯянд, дар интернет инхел гапҳо мезананд, чаро газетаҳо ин масъалаҳоро наменависанд?”

Бо вуҷуди кам будани талабот ба китобу рӯзнома Зойирбек Соҳибов аз кораш ноумед нест. Ӯ ба ин назар аст, ки барои дубора китобхон шудани аксарият бояд мардум ҷойи кор ва даромади хуб дошта бошанд.

Кам шудани таваҷҷуҳи мардум ба китоб дар солҳои ахир аз мавзӯъҳои доғ дар доираҳои фарҳангии Тоҷикистон аст. Бархе шоирону нависандагон мардумро барои дур шудан аз китоб танқид мекунанд. Аммо мунтақидон мегӯянд, китобҳое, ки нашр мешаванд, талаботи мардумро қонеъ намекунад. Дар миёни ин гирудор маълум нест, ки Зойирбек Соҳибов бо ин дӯконаш чиро тағйир дода метавонад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

“Бӯстон”-у “Сиёсатнома” дар Play Market. Ташвиқи китобхонӣ бо шеваи замонавӣ. ВИДЕО "Мардум аз "гапи бемаънӣ" дар шабакаҳо хаста мешаванд." ВИДЕОСултонбибӣ Миргулова ва китоб. Ишқе ба дарозии як умр. ВИДЕО "Пеш то Ҳиндустон мерафтанд, ҳоло мегӯянд, Интернет ҳаст" ВИДЕО"Китобхон" ҷавонони тоҷикро китобхон кард? ВИДЕО Ҷавоне, ки бо китобхонӣ паҳлавон шуд. "Комикс"-и нав дар Тоҷикистон. ВИДЕО