Вай рӯзи 11-уми декабр гуфт, "як кишвари ҳамсояи Сурия" низ дар ин рӯйдод нақши ошкор дорад.
Хоманаӣ аз кишвари ҳамсояи Сурия ном набурд, аммо ба навиштаи хабаргузории DPA-и Олмон, раҳбари олии Эрон зоҳиран Туркияро дар назар дорад.
"Бале, як давлати ҳамсояи Сурия нақши рӯшан дорад... аммо тавтегар, мағзи мутафаккир ва маркази фармондеҳӣ дар Амрико ва режими саҳюнистӣ ҳастанд," – афзуд ӯ.
Эрон ва Русия аз пуштибонҳои асосии Башор Асад дар Сурия буданд.
"Ҳайат Таҳрир аш-Шом" (Амрико ва баъзе аз кишварҳои дигар террористӣ медонанд) ва муттаҳидонаш, ки баъзе аз онҳо бо Туркия иртибот доранд, рӯзи 8-уми декабр Башор Асадро аз қудрат дар Сурия барканор карданд.
Башор Асад аз соли 2000-ум то 8-уми декабри 2024 дар қудрат буд. Пеш аз он, падараш Ҳофиз Асад, 29 сол бар Сурия раҳбарӣ кардааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Ҷангҷӯ, "маккор" ё амалгаро? Абумуҳаммад Ҷулонӣ кист?Мероси даҳшатбори хонаводаи Асад ба мардуми СурияФасод, саркӯб, дурӣ аз мардум. Чаро Башор Асад сарнагун шуд?Аз Аскар Оқоев то Башор Асад. Путин ба кӣ паноҳгоҳ додааст?Ҳушдори Байден дар бораи собиқаи баъзе гурӯҳҳои шӯришӣ дар СурияРасонаҳо: Асад дар Маскав аст; Русия ба ӯ ва оилааш паноҳандагӣ додВокуниши баъзе аз сокинон ба суқути ҳукумати Башор Асад Башор Асад "аз Димишқ рафт". Шӯришиён пойтахти Сурияро тасарруф карданд