Муҳаммад ал-Башир, "сарвазири муваққат"-и Сурия, кист?

Муҳаммад ал-Башир. Димишқ, 10-уми декабри 2024

Баъд аз тасарруфи Димишқ аз сӯйи шӯришиёни мусаллаҳ ва вожгунии ҳукумати Башор Асад, Муҳаммад ал-Башир раиси давлати интиқолӣ ё ҳукумати давраи гузор дар Сурия интихоб шуд. Вай кист?

Муҳаммад ал-Башир пеш аз ин дар "Давлати наҷоти Сурия" кор мекард. Шибҳидавлат ё нимадавлате, ки аз соли 2017 дар Идлиби Сурия ҷойгир буд. Ал-Башир идораи Идлиб ва минтақаҳои дигари зери назорати "Таҳрир аш-Шом"-ро бар уҳда дошт. Амрико гурӯҳи "Таҳрир аш-Шом"-ро созмони террористӣ медонад ва раҳбари он Абумуҳаммад Ҷулониро таҳти таъқиб қарор додааст.

Телевизиони давлатии Сурия дар саҳифааш дар Телеграм навишт, ки Муҳаммад ал-Башир "сарвазири нави Сурия аст" ва аз қавли худи ӯ овард, ки "фармондеҳии кул маро то аввали моҳи март масъули идораи давлат баргузид".

Ӯ дар соли 1983 дар Ҷабалузовия дар Идлиб ба дунё омадааст. Дар соли 2007 Донишгоҳи Ҳалабро бо тахассуси муҳандиси барқ ба поён расонд. Соли 2021 риштаи ҳуқуқ ва шариатро дар Донишгоҳи Идлиб омӯхт.

Бар асоси тарҷумаи ҳолаш, ки "Давлати наҷоти Сурия" нашр кард, Муҳаммад ал-Башир забони англисиро медонад ва дар бахши барномарезӣ ва мудирияти тарҳҳо мадрак дорад.

Вай қабл аз ворид шудан ба дунёи сиёсат ба ҳайси муҳандиси ширкати газ дар Сурия кор мекард. Бо оғози эътирози суриҳо (суриягиҳо) дар соли 2011, шуғли давлатии худро канор гузошт ва ба сафи мухолифон пайваст.

Дар солҳои 2022-2023 ба ҳайси вазири рушд ва умури башардӯстона дар “Давлати наҷоти Сурия” фаъолият кард. Мудири омӯзиши исломӣ дар Вазорати авқофи “Давлати наҷоти Сурия” низ буд. Ин фаъолиятҳо барои Муҳаммад ал-Башир шуҳрат оварданд ва ӯ дар моҳи январи соли 2024 сарвазири ин нимадавлат интихоб шуд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Таҳрир аш-Шом" ва Сурияи баъди Асад. Чӣ иттифоқ хоҳад уфтод?

"Давлати наҷоти Сурия" дар тӯли фаъолияташ талош дошт, худро ба унвони дастгоҳе технократ муаррифӣ кунад. Баъзе аз ҳавзаҳоро ба монанди соҳаи тандурустӣ ва омӯзиш дар Идлиб ба ниҳодҳои маҳаллӣ ва созмонҳои мададрасони хориҷӣ вогузор карда, вале бахши амният ва иқтисодро худ назорат дошт.

Ин шибҳидавлат дар оғоз кӯшиш карда буд, қонунҳои мазҳабиро ба монанди рафтани занон ба сафар бо маҳрам (шавҳар, бародар, падар) ҷорӣ бикунад, аммо комёб нашуд.

Ҳеч яке аз ҳукуматҳои ҷаҳон “Давлати наҷоти Сурия”-ро ба расмият намешинохтанд. Иёлоти Муттаҳида “Давлати наҷоти Сурия”-ро муттаҳам кардааст, ки дар замони кори худ дар Идлиб монеи ироаи ёриҳои башардӯстона ба оворагон шуда, талош доштааст, бо назорат бар тақсими кумакҳо фоида бигирад.